шукуфонӣ — [شکوفاني] 1. шукуфо будан, дар ҳолати шукуфон будан 2. маҷ. хуррам, айни мавсими авҷ ва барор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
баҳор — I [بهار] 1. яке аз чаҳор фасли сол, ки баъд аз зимистон меояд; абри баҳор абри фасли баҳор, ки барои зироат муфид аст; аввали баҳор ибтидои фасли баҳор, ки мавсими хеле мусоиди киштукор аст 2. киноя аз авҷи гулгулшукуфӣ; айни ривоҷу равнақи коре … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бехазон — [بي خزان] ҳамеша шукуфон, ҳамешасабз: баҳори бехазон, боғи бехазон, гулшани бехазон ◊ ҷавонии бехазон ҷавонии ҷовид, ҷавонии абадӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гулбасар — [گل بسر] гулпӯш, шукуфон: дарахти гулбасар; бодиринги гулбасар бодиринги наврасида, ки ҳанӯз гули сарашро напартофтааст … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гулгул — [گل گل] 1. гул гул шукуфтан, пурра шукуфтан, ба тамом шукуфтан, шукуфон ва хандон 2. дорои доғҳои сурхи гулмонанд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гулкарда — [گل کرده] 1. сифати феълии замони гузашта аз гул кардан; шукуфта, шукуфон (оид ба дарахт) 2. маҷ. боравнақ, обод … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гулпӯш — [گلپوش] 1. пӯшида бо гул, ороста бо гул, бо гул иҳоташуда; гулпӯш кардан бо гул пӯшидан, бо гул оростан; гулпӯш шудан бо гул пӯшида гардидан; шукуфтан 2. маҷ шукуфон, шукуфта: дарахтони гулпӯш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гулҷӯш — [گلجوش] шукуфон; зебо; орази гулҷӯш рӯи сурхи дилкаш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
обод — [آباد] 1. маъмур, ободон, иморатшуда; муқоб. вайрон, хароб 2. киштшуда, зироатшуда: водии обод, замини обод; обод кардан маъмур кардан, корам кардан, шукуфон кардан; обод гардидан (шудан) маъмуру иморатдору сераҳолӣ шудани ҷое; кишт ва корам… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пажмурданӣ — [پژمردني] хазоншуданӣ, он чи ё он ки ҳамеша шодобу шукуфон намемонад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ